Ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои муҳими равобити Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад
Маскав ва Душанбе бо мақсади ба тартиб даровардани ҷараёни муҳоҷират ва беҳдошти шароити муҳоҷирони тоҷик дар дар Русия шаш тарҳи созишномаро омода мекунанд. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар додааст.
"Аз ҷумла, ин созишнома дар бораи ташкили сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷиратии меҳнатӣ, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, созишнома дар бораи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон мебошанд", - гуфт вай.
Флоров таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратӣ яке аз соҳаҳои муҳими равобити Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад. Зеро шумораи зиёди тоҷикистониён дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Вай афуд, ки дар масъалаи муҳоҷират Русия ва Тоҷикистон аз якдигар вобаста мебошанд ва яке аз вазифаҳои стратегии ду кишвар- барои ҷалби мутахассисони пурталаб ба соҳаи иқтисоди Русия фароҳам овардани тамоми шароит мебошад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Амир Исаев