Раиси шаҳр ба роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдо, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр барои таъмини либоси ягонаи махсуси корӣ як моҳ мӯҳлат додааст
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор дар иншоотҳои савдо ва хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе либоси ягонаи корӣ ҷорӣ кардааст.
Гуфта мешавад, қарори мазкур барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷорӣ карда мешавад.
"Роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, соҳибкорони инфиродии нуқтаҳои савдо, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани либоси ягонаи махсуси корӣ ва риояи он дар муддати 1 моҳ тадбирҳо андешанд", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.
Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур бояд чорабиниҳоро амалӣ намуда, аз натиҷаи корҳо ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намояд.
еще: sputnik-tj.com, фото-© Сайт мэра города Душанбе