“Муҳофизи шаҳри Палмир” дар Душанбе маҳбасӣ шуд

25 января 2019 “Муҳофизи шаҳри Палмир” дар Душанбе маҳбасӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои зархаридӣ ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст

 Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳкумшуда А.А, бекор, бе ихтисос ва бе ҳизб буда, ҳангоми муҳоҷират дар шаҳри Новосибирски Русия  ақидаҳои созмони террористии “Давлати исломӣ”-ро қабул кардааст.

“Сомон Эйр” дар гаронии чиптаҳояш миёнаравҳоро гунаҳкор медонад

“Дар “Ютуб" сабтҳои видеоии аъзои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” бо номи мустаори “Абу-Муҳаммад”-ро тамошо карда, ақидаҳои ин ташкилотро қабул кардааст. Сипас ӯ дар сомонаи интернетии “Одноклассники” бо аъзои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” бо номи мустаори “Абу-Абдуллоҳ” ҳамсуҳбат шуда, роҳҳои ба ҳудуди ин ташкилот сафар намуданро пурсидааст”, - иттилоъ дод додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Манбаъ афзуд, тахминан моҳи августи соли 2014 шаҳрванди мазкур аз Маскав ба Туркия сафар кардааст.

“Дар Туркия ӯро шиноси “Абу-Абдуллоҳ” - Аҳлиддин ном шахси ба тафтишот номаълум пешвоз гирифта, бо ҳамроҳии чор нафари дигар ба ҳудуди шаҳри Раққаи Сурия ворид ва ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” пайваст кардааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Як моҳ мӯҳлат: Рустам Эмомалӣ дар бозор, ошхонаву мағозаҳои Душанбе либоси ягона ҷорӣ кард

Бар асоси парванда, А.А. бо ҳамроҳи дигарон дар яке аз пойгоҳҳои ҳарбӣ, ки роҳбарии онро “Абу-Усомаи норакӣ” ба уҳда доштааст, 6 моҳ тайёрии ҳарбӣ-ифротӣ гирифтааст. Баъд аз таълимот дар ҳудуди ин ташкилот ҳамчун муҳофизи шаҳри Палмираи Сурия, ин шаҳрро аз қувваҳои ҳукуматӣ муҳофизат намудааст.

Додгоҳ афзуд, ин ҷавони тоҷик баъди он, ки дидааст, аъзои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” амалҳои ғайриисломӣ дошта, онҳоро ҳамчун ғулом истифода мекардаанд, ба Русия баргаштааст.

“Ӯ бо ду рафиқаш моҳҳои март-апрели соли 2015 аз ҳудуди ташкилоти террористи “Давлати исломӣ” ба Туркия сипас ба шаҳри Новосибирски Русия ва аз он ҷо ба  Тоҷикистон омадааст.

Муттаҳам дар додгоҳ айби алайҳи ӯ эълоншударо эътироф карда, худашро гунаҳкор хондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳамаи ҳамаи ҷанбаҳои парванда муттаҳамро ба 9 соли зиндони низмаш шадид маҳкум кардааст.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Максим Богодвид