КҲФ: хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад аммо ҳоло ҳаракати мошинҳо пурра барқарор шуд

25 января 2019 КҲФ: хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад аммо ҳоло ҳаракати мошинҳо пурра барқарор шуд

Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра барқарор шуд

 Рӯзи 24 январи соли равон роҳи нимабастаи Хоруғ-Ишкошим пурра боз шуда, воситаҳои нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ равуо доранд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тамоми ин рӯзҳо хадамоти роҳ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ҳама имконоте, ки дар ихтиёр доштанд, дар километрҳои  45, 51,52,55,58 ва 62  роҳро пурра аз тарма пок карданд ва ҳаракати мошинҳо шуруъ гардид. 

Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир эҳтимоли ҳодисаҳои нави тармафароӣ вуҷуд надошта, лекин дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус машғули кор аст.

“Инчунин, рӯзи 24 - январи соли равон соати 15:55 дақиқа дар километри 12-ми мавзеъи Дусчини Ҷамоати деҳоти К. Гадолиеви ноҳияи Роштқалъа ду ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Бо эъзоми техникаи махсуси барфрӯбӣ баъди ду соати часпуталошҳои пурмаҳсул ин роҳ аз ғарами барф холӣ гардид ва пурра боз шуд”, таъкид намудааст манбаъ.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Денис Абрамов