Ҷаласа барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ: рамзи QR ва бонки мобилӣ пешниҳод шуд

24 января 2019 Ҷаласа барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ: рамзи QR ва бонки мобилӣ пешниҳод шуд

Ҳамидулло Машрабзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро омили муҳими рушди низоми бонкӣ ва таъмини шаффофияти иқтисодиёти кишвар хонд

 Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Машрабзода зимни ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ барои вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ гуфт, ин навъи ҳисоббаробаркунӣ барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки назорати ҷараёнҳои молиявӣ тақвият ёбанд.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон: додугирифти пули нақд дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад

Машрабзода қарори ахири Ҳукуматро зикр кардааст, ки тибқи он корхонаю муассисаҳои давлатӣ вазифадоранд, ки қабули ҳаққи ҳамаи намудҳои хизматрасониҳо аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ таъмин карда шавад.

Дар ин ҳамоиш барои густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ маҳсулоти худро вобаста ба қабули пардохтҳои ғайринақдӣ, аз қабили насби терминалҳои электронӣ, пардохтҳо бо истифодаи рамзи QR, хизматрасониҳои “Интернет-банкинг”, “Интернет-эквайринг” ва “Бонкинги мобилӣ” бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, манзури намояндагони вазорату идораҳои дахлдор намудаанд.

Машрабзода аз вазорату идораҳо даъват кардааст, ки нақшаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ва иҷрои саривақтии қарори Ҳукумат барои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро таъмин кунанд.

Бонки миллӣ таъкид кард, ки бар асоси қарори Ҳукумат аз 30 ноябри соли 2018, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, вазифадоранд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Екатерина Чеснокова