Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов қайд кард, ки ҷалби сайёҳони рус яке аз самтҳои калидии рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хабар дод, ки Тоҷикистон ва Русия то охирҳои соли равон созишнома оиди сайёҳӣ ба имзо мерасонанд.
"Дар рафти сафари расмии раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон моҳи феврали соли гузашта бо Ростуризм ёддошт ба имзо расонида будем. Нақша дорем, дар оянда байни Ростуризм ва кумитаи сайёҳии мо дар соҳаи сайёҳӣ созишнома ба имзо расонем. Имзои созишнома имсол сурат мегирад", - изҳор доштааст Сатторов дар форуми "Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон".
Ба гуфтаи сафир, ҷалби гардишгарони рус яке аз самтҳои калидии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аст.
"Барои он, ки сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон сафар кунанд, тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ин таърих, анъана, меҳмоннавозӣ, меваҷоту сабзавоти тоза ва албатта оби ширин ва офтоб аст", - таъкид доштааст Сатторов.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Тоҷикистон бо забони русӣ муошират мекунанд.
Ба он нигоҳ накарда, ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст, ба сайёҳон чизе таҳдид намекунад.
"Биёед, ман шуморо бовар мекунам, ки шумо худро аз Русия дида амнтар ҳис мекунед", - гуфт вай.
Сатторов афзуд, ки дар кишвар иншоотҳои зиёди сайёҳӣ бунёд мешаванд.
Ёдрас мешавем, имрӯз, 24 январ дар Маскав форуми "Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон" баргузор шуд. Дар ҳошияи чорабинӣ иштирокдорон тавонистанд бо имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ шинос шаванд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Владимир Трефилов