23 январи соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд дар маҷлиси корӣ Хол Ҳайдар, муовини якуми тозатаъйини вилоятро муаррифӣ кард.
Раҳмон роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр”-ро аз толори ҷаласа пеш кард
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон ва бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 январи соли равон Хол Ҳайдар ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъйин карда шуд.
Зимни муаррифӣ таъкид карда шуд, ки Хол Ҳайдар хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси иқтисодчии калон доир ба буҷа дар шӯъбаи молияи вилояти Кӯлоб оғоз бахшида, сипас дар солҳои гуногун, дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Тоҷикистон, сардори шуъбаи иқтисод ва молияи Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноат, сардори шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва ояндабинии Раёсати иқтисод ва молияи Вазорати саноати Тоҷикистон, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи иқтисоди Раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон кор кардааст.
Хол Ҳайдар солҳои 2012 – 2015 дар вазифаҳои муовини Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва аз марти соли 2015 то 22 январи соли 2019 муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон фаъолият дошт.
Аз 22 январи соли 2019 муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъйин гардид.
Сипас, дар рафти машварат як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Супориш ба Озода Раҳмон барои муайян ва ҷазо додани мансабдорони дурӯғгӯю бемасъулият
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар вилояти Суғд бунёди беш аз 250 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда аст. Инчунин, вай дастур дод, ки бо сармоягузорон, соҳибкорон ва ташкилотҳои молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин раиси вилоят ба масъалаи дастгирии ихтироъкорон ва навоварон таваҷҷуҳ намуда гуфт, ки минбаъд барои истифодаи навовариҳо дар истеҳсолот диққати махсус дода шавад.
Ҳамзамон дар назди масъулин барои таъмир ва бунёди мактабҳои нав, кӯдакистонҳо, ҷалби наврасон ба китобхонӣ ва ташкили маҳфилҳои гуногун, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рушди соҳаҳои моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, кирмакпарварӣ, ниҳолпарварӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фаъол намудани корхонаҳои бозистода, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, танзими арзиши молу маҳсулот дар бозорҳо, ташкили ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ ва назорати рафти омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области