Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қазон, Перм, Ижевск, ва Уфаи Русия бо муҳоҷирон дидору гуфтугӯ карданд
Бино бар иттилои манбаъ, ҳайати кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Консулгарӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия як қатор вохӯриҳоро бо муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намуданд.
ҲХДТ Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн хоҳад гирифт
Зимни мулоқот муҳоҷирон ва намояндагони ҳизби ҳоким масъалаҳои марбут ба дастовардҳои кишвар дар замони истиқлолият, ҳифзи манофеи миллӣ, эҳёи фарҳанг, таърих ва урфу одатҳои миллати тоҷикон, зарурати муттаҳидии тоҷикон ва канораҷӯӣ намудани шаҳрвандонамон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистиро баррасӣ карданд.
Дар идомаи ин вохӯриҳо аъзоёни ҳайати мазкур доир ба омодагӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳар як фарди ватандӯсту миллатдӯст, сарфи назар аз он, ки дар куҷо иқомату фаъолият менамояд, бояд дар таҳкиму тавсеаи ғояву арзишҳои ин дастоварди беназир саҳмгузор бошад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Дмитрий Матвеев