Аз “Тоҷик Эйр” то нигаронии Президент баъди ҳисоботи Шералӣ Кабир дар ҷаласаи Ҳукумат

22 января 2019 Аз “Тоҷик Эйр” то нигаронии Президент баъди ҳисоботи Шералӣ Кабир дар ҷаласаи Ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи Ҳукумат ҳисоботи роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва "Талко"-ро шунида, супоришҳо додааст

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласа Шералӣ Кабир, раиси Шӯрои директорони КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” ҳисобот дод.

Дар пайи гузориши ӯ Эмомалӣ Раҳмон аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий изҳори нигаронӣ кардааст. Раисиҷумуҳур таъкид кардааст, ки истеҳсоли алюмийний дар соли 2018 нисбати соли пешӣ 7,1 фоиз ва нисбат ба соли 2012 қариб се баробар кам мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир Азим Иброҳим,  Шералӣ Кабир ва масъулини дигарро муваззаф кардааст, ки барои истифодаи пурраи иқтидорҳо, афзоиши истеҳсолу содироти алюминий ва рушди минбаъдаи ширкат чораҳо андешанд. Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар мавриди тадбирҳои андешидашуда дар ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2019 ба Ҳукумат ҳисобот манзур намоянд.

© SPUTNIK / АМИР ИСАЕВ

Баҳси чапони туҳфакардаи Эмомалӣ Раҳмон ба Мир Мафтун дар телевизиони “Тулуъ” – навор

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури инчунин иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа инчунин ҳисоботи директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” шунида шуд. Котиботи раисиҷумҳур ҷузъиёти ҳисоботи раиси “Тоҷик Эйр” ва вокуниши Эмомалӣ Раҳмонро наовардааст, аммо бархе аз манобеъ мегӯянд, дар ҷаласа раиси ин ширкат Хайрулло Раҳимов аз мақомаш барканор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои ҳалли масъалаҳои қарздории "Тоҷик Эйр" ва ширкатҳои дигар, аз қабили “Барқи Тоҷик”, Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ҷамъиятҳои саҳҳомии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”,  Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва як қатор бонкҳои кишвар чораҷӯӣ намояд.

Вазорати молия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав муваззаф шудаанд, мониторинги корхонаҳои азими давлатӣ ва корхонаҳои дорои ҳиссаи зиёди давлатро гузаронида, барои таҷдиди сохтор, баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ҷорӣ намудани идораи муосири корпоративӣ ва солимгардонии онҳо чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд. Раисиҷумҳур ҳамчунин хостори зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ шудааст.

Қатъи фаъолияти “Тоҷик Эйр” дар аксари масирҳои парвоз дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва беҳбуди вазъи ин ширкати миллӣ барномаи махсуси давлатии 5-соларо имзо карда буд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Фото: Пресс-служба ОАО "Таджик Эйр"