Чӣ бурдему чӣ бохтем: баргузории Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат

21 января 2019 Чӣ бурдему чӣ бохтем: баргузории Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як маҷлиси ҳукуматӣ дастоварду камбудиҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистонро таҳлил хоҳад кард

 Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 январ дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат дастоварду камбудиҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистонро дар соли 2018  таҳлил хоҳад кард, хабар медиҳад манбаи  Sputnik Тоҷикистон.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ дар Душанбе, ки таҳти роҳбарии раисҷумҳур баргузор мешавад, раисони вилояту шаҳру навоҳӣ, раёсату идораҳо ва вазоратҳо иштирок хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, 28 декабр таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахирон Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар он масъулин чанд қарори вижа қабул карданд, ки яке аз онҳо дар бораи таъсис муассисаи давлатии нав - “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон” мебошад.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар кори маҷлис нахуст масъала “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи иҷрои буҷет, вазири рушди иқтисод  Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи лоиҳаи чанд қонун дар назди раисҷумҳур ва иштирокдорон гузориш доданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон масъулинро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандҳои Паём, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор намудааст.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан