Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори русиягӣ муҳлати эҳтимолии барканорияшро аз иштирок дар мусобиқаҳо баён дошт
Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, эҳтимол ӯро барои 9 моҳ то як сол аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум хоҳанд кард.
Ҳабиб гуфт, ки чаро аз муҳорибаи дубора бо Макгрегор даст мекашад
“Парвандаро 29 январ баррасӣ хоҳанд кард. Мебинем, мумкин маро ба муҳлати 9 моҳ то як сол аз мусобиқаҳо барканор кунанд”, - изҳор дошт размикор дар мулоқот бо мухлисонаш дар Австралия.
Ӯ афзуд, дар пайи ин номуайянӣ номи рақиби ояндаашро ҳам пешгӯӣ кардан мушкил аст.
Қаблан қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки муҳорибаи дубора, ё худ “реванш”, бо Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ маъное надорад
"Барои чӣ дубора ба муҳориба бароям? Ӯ пештар ҳам суханони зиёде гуфта буд, аммо вақте ба майдон баромад, коре карда натавонист", - изҳор дошт Нурмуҳаммадов.
Моҳи октябри соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳамедов ба Конор Макгрегор пирӯз шуд ва бори аввал унвони қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.
Пас аз муҳориба байни Ҳабиб ва мухлисони Конор ҷанҷол сар зад, ки боиси барканории варзишга аз мусобиқаҳо шуд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© AP / John Locher