Дар ноҳияҳои Сино, И. Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе аз соати 09:00 то 16:00 бо сабаби корҳои таъмирӣ, қувваи барқро хом=ш намуданд
Дар баъзе маҳалҳои шаҳри Душанбе аз сабаби таъмири нақшавӣ, қувваи барқро хомӯш карданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Имрӯз қувваи барқро дар ноҳияҳои Сино, Сомонӣ ва Фирдавсӣ аз соати 09:00 то 16:00 хомӯш карданд.
“Бо сабаби таъмири нақшавӣ 17-уми январ аз соати 09:00 то16:00 дар шаҳри Душанбе қувваи барқ дар баъзе кӯчаҳои ноҳияҳои Сино, Сомонӣ ва Фирдавсӣ хомӯш карда мешавад”, - хабар додаанд дар шабакаҳои барқӣ.
Дар вақти муайяншуда дар кӯчаҳои Ҷангалак, Даҳана, Навобод, Мушфиқӣ, К. Сеткин, Раҳмон Набиев, Неъмат Қарабоев, Борбад, Роҳи нав, Ҳамадонӣ ва маҳалаи 65 дастрасӣ ба қувваи барқ маҳдуд мегардад.
Вобаста ба рафти корҳои таъмиркунӣ ва профилактикӣ дар баъзе ҳолатҳо то охирин дақиқаҳои вақти муайяншуда қувваи барқ дастрас намегардад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-CC0 / Pixabay / Bru-nO