Маълум шудани тархиси Шӯҳрат аз шӯъбаи эҳё ва пардохти товон ба хонаводаи ӯ

17 января 2019 Маълум шудани тархиси Шӯҳрат аз шӯъбаи эҳё ва пардохти товон ба хонаводаи ӯ

Пизишкон гуфтаанд, ки пас аз чанд рӯз Шӯҳрат Улфатов - муҳоҷири тоҷикро, ки дар ҳодисаи Магнитогорск маҷрӯҳ гардид, аз шӯъбаи эҳё ба палата мебароранд. Интизор меравад, волидони Шӯҳрат фардо ба Челябинск парвоз кунанд

Шӯҳрат Улфатов - муҳоҷири 26-солаи тоҷикро, ки дар пайи ҳодисаи Магнитогоркс маҷрӯҳ шуд, аз шӯъбаи эҳёи бемористони вилоятии Челябинск ба палата мебароранд. Дар ин бора пизишкон ба хонаводаи Шӯҳрат хабар доданд.

Бахтиёр Султонов - тағои Шӯҳрат дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи ҷиянаш назар ба рӯзҳои гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

"Рӯзи гузашта бо ҷиянҳоямон, ки дар Магнитогорк қарор доранд, сӯҳбат карда будем. Онҳо ба Челябинск ба хабаргирии Шӯҳрат рафтаанд. Пизишкон иҷозат надодаанд, ки ба наздаш дарояд, вале гуфтаанд вазъаш хело беҳтар асту баъди ҳафтае ба палата мебароранд. Он гоҳ наздикон метавонанд аз ба наздаш дароянд", - мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Султонов, Шӯҳратро бо далели он ки шушҳояш осеб диданд, то ҳол аз дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷудо накардаанд.

Волидони Шӯҳрат ба Челябинск мераванд

Падару модари Шӯҳрат - Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов фардо, 18 январ ба Русия парвоз хоҳанд кард. Онҳо чанд рӯзи ахир барои сафар санад омода мекардаанд.

"Шиносномаи (хориҷӣ - идора) апаамро гирифтем. Насиб, фардо падару модари Шӯҳратро ба Челябинск гусел мекунам", - мегӯяд Улфатов.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© из личного архива Бахтиёра Султонова