Аз 15 то 22 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту - 2019» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон фестивали "Парасту - 2019" баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 15 то 22 апрел дар Душанбе баргузор мегардад.
"Фестивал ба 30-солагии Истиқлолияти ва 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуда, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, гузаронида мешавад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Ба Фестивал-озмун беҳтарин намоишномаҳое пешниҳод бояд шаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 рӯи саҳна омадаанд.
Раёсатҳои фарҳанги ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон намоишномаҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшавандаро бояд то 05 марти соли 2019 муайян намоянд.
Дархост барои иштирок дар Фестивал-озмун ба унвони Кумитаи тадорукот то 05 марти соли 2019 бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукотии Фестивал-озмуни "Парасту- 2019" ирсол гардад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik