Ҳукумат ба корхонаи қаннодии “Амирӣ” 23 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

17 января 2019 Ҳукумат ба корхонаи қаннодии “Амирӣ” 23 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фабрикаи қаннодии Амирӣ ба маблағи беш аз 23 миллион доллари амрикоӣ имзо шуд

 Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, лоиҳа аз се марҳила иборат мебошад.

Гарон, куҳна, камёфт: вакил дар Суғд паёми раисиҷумҳурро гуфту гилаи сокинонро шунид

Дар марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии коргоҳи мавҷуда ва бунёдшаванда ба на камтар аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодӣ дар як сол расонида хоҳад шуд.

“Марҳилаи дуюми лоиҳа бунёди корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти хокаи нишоста ва шираи онро ба иқтидори на камтар аз 8 ҳазор тонна дар як сол дар бар мегирад”, - афзуд Кумита.

Манбаъ таъкид кард, ки дар марҳилаи сеюм бунёди корхонаи нави истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ бо иқтидори на камтар аз ҳазор тонна дар як сол дар назар аст.



Read more: sputnik-tj.com, фото-Сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузории ҶТ