Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 20-сола хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамсараш муттаҳам мешавад
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, боздоштшуда сокини деҳаи Деҳманораи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буда, ҳодисаи латукӯб субҳи 4 декабри соли 2018 рух додааст.
Имзои раисиҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз робитаи созмонҳои ҷамъиятӣ бо террористону пулшӯйҳо
“Номбурда, 4-уми декабри соли 2018, тахминан соати 07:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 21-сола ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
ВУД афзуд, ки феълан алайҳи шавҳари муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Read more:sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Табылды Кадырбеков