Тройллебусҳо дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” харидорӣ карда мешаванд
Дар Душанбе шурӯъ аз моҳи марти соли равон тройллебусҳои беноқиле, ки аз кишвари Беларус харидорӣ шудаанд ба хизматрасонии мусофирон мебароянд, хабар додааст дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе.
Чихеле, ки маълум шудааст дар роҳҳои Душанбе дар аввал барои санҷиш ҳамагӣ 4 тройллебуси беноқил ба кор шурӯъ мекунанд.
Троллейбусҳои истеҳсоли заводи “Белкоммунаш”-и Беларус метавонанд ҳам бо ёрии ноқилҳои барқӣ ва ҳам бе ёрии онҳо ҳаракат кунанд.
Бояд қайд кард, ки дар ҳолати набудани қувваи барқ дар ноқилҳо ин навъи тройллебусҳо метавонанд то 15 километр бо ёрии асбоби захиракунандаи нерӯ ва ё аккумулятор ҳаракат кунанд.
Арзиши як тройллебус 250 ҳазор долларро ташкил мекунад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Амир Исаев