14 января 2019
Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ дар Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе мутаносибан 6 ва 4 баробар зиёд шудааст
Тибқи иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, тавлиди барқ дар маркази мазкур аз 20 ба 120 МВт ва истеҳсоли гармӣ аз 50 Гкал/соат ба 180 Гкал расонда шуд.
Масъулин далели бештар шудани тавлидоти барқу гармиро анҷоми таъмири асосии Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе ва истифодаи гази табиӣ мегӯянд.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, дар маҷмуъ ҳаҷми истеҳсоли нерўи гармӣ дар соли 2018 ба 656,8 ҳазор Гкал баробар шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2017 ҳудуди 228,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.
Read more: sputnik-tj.com,фото-© Sputnik / Алексей Даничев