Рустами Эмомалӣ дар ниммарафони Душанбе назорати допингро ба роҳ мемонад

14 января 2019 Рустами Эмомалӣ дар ниммарафони Душанбе назорати допингро ба роҳ мемонад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ниммарафони байналмилалӣ, ки ҳамасола бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор мешавад, низоми назорати допингро роҳандозӣ кардааст

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори нахуст дар ниммарафонҳои байналмилалии Душанбе бо дастгирии Рустами Эмомалӣ назорати допинг ба роҳ монда хоҳад шуд.

Даҳумин ниммарафони байналмилалии Душанбе моҳи феврали соли равон дар назар аст. Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз соли 2010 инҷониб бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, баргузор мегардад ва аксаран дар он варзишгарони хориҷӣ пирӯз мешаванд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, имсол варзишгарони ватанӣ ба он омодагии ҷиддӣ мегиранд.

Ғайрат Неъматов,  сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба 10-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе гуфт, феълан варзишгарон дар ноҳияи Лахш ба тамрин машғуланд.

“Моҳи апрел ҷамъомади машқӣ-таълимии даста дар истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Неъматов.



Read more: sputnik-tj.com, ф-© Официальный сайт Федерации футбола Таджикистана