Шаҳрванди Тоҷикистон мехостааст қариб 1 миллион рублро аз Русия берун барад

14 января 2019 Шаҳрванди Тоҷикистон мехостааст қариб 1 миллион рублро аз Русия берун барад

Ба кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Челябинск муяссар шудааст, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехостааст 954 ҳазор рублро аз Русия берун барад, дастгир кунанд

 Шаҳрванди Тоҷикистон барои аз ҳудуди Русия ба таври ғайриқонунӣ берун бурдани қариб 1 миллион рубли русӣ дар шаҳри Челябинск дастгир шудааст, иттилоъ додааст хабаргузориии ТоҷикТА.

Аз тарафи командони гумруки маҳалӣ дар фурудгоҳи шаҳри Чилябинск шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд, ки мехостааст қариб 1 миллион рублро аз ҳудуди Русия ба таври ғайриқонунӣ берун барад

Тасдиқ шудуааст, ки дар борхалтаи дасти мусофири ҳавопаймои Челябинск – Худжанд 954 ҳазор рубли русиро, ки тахминан баробар ба 14 ҳазор доллар мебошанд, пайдо кардаанд. Мувофиқи қонунҳо Русия мусофироне, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ҳуқуқ доранд то 10 ҳазор доллар бо худ берун баранд, аз ин зиёд бояд дар шакли хаттӣ ба қайд гирифта шавад, дар акси ҳол ғайриқонуни ҳисобида мешавад.

Айни ҳол нисбати ин шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷавобгарии маъмурӣ боз шудааст. 



Read more: sputnik-tj.com, фото-CC0 / Pixabay