Футболбозони тоҷик дар аввалин бозии дӯстона аз ҳарифони туркашон 1:6 шикаст хӯрданд. Ягона голро ба дарвозаи Туркия Парвиз Раҳматов ворид намуд
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона бо мунтахаби Туркия 1:6 шикаст хӯрд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, бозӣ 9 январ дар шаҳри Эрзинҷони Туркия баргузор шуд.
"Голи аввалро ба дарвозаи футболбозони тоҷик Бурак Гурлу ба ҳадаф расонид. Комил Ҷон Оқпарлар, Мустафо Оқар, Фурқан Оҷан ва Бурк Ӯздамир низ яктӯбӣ ба дарвозаи Тоҷикистон заданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Аз мунтахаби Тоҷикистон ягона голро Парвиз Раҳматов, бозингари тими "Сипар"-и Хуҷанд ба ҳадаф расонид.
Ин аввалин бозии Рахматов дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон мебошад, менависад ФФТ.
Имрӯз, 10 январ дувумин бозии дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Туркия баргузор мешавад.
Бозӣ дар шаҳри Эрзинҷон, соати 17:00 сурат мегирад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Федерация футбола Таджикистан