11 января 2019
“IRS”, ширкати роҳбони Душанбе – Чаноқ аз садамаи маргбор дар ин масир хабар дод, ки 10 январ дар километри 123- юми роҳи мазкур рух додааст
Тибқи иттилои “IRS”, боркаши “Мерседес”, ки барои кашонидани газ таҷҳизонида шудааст, аз баландии 100 метрӣ ба дарё сарозер гардид. Дар натиҷа ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Бар асоси хулосаи пешакӣ ронандаро хоб бурдааст, аммо сабабҳои дақиқи рух додани ҳодисаро тафтишот муайян мекунад. “IRS” ба вазъи роҳ рабт доштани садамаи мазкурро рад кардааст.
Мошини газкаш марбут ба ҶДММ "Эмом импорт экспорт " будааст.
Read more: sputnik-tj.com, фото-саҳифаи интернетии ширкати IRS