Нуздаҳ баробари шаш: пулиси Русия микроавтобуси "резини"-и муҳоҷиронро ошкор кард

11 января 2019 Нуздаҳ баробари шаш: пулиси Русия микроавтобуси "резини"-и муҳоҷиронро ошкор кард

Ронанда барои убури сарҳад 19 муҳоҷирро дар як микроавтобус ҷой дода, онҳоро ба рӯйи фарши худраваш нишонидааст. Гуфта мешавад, микроавтобус танҳо барои интиқоли 6 мусофир муқаррар гардида, дар асл 6 курсӣ дорад

Муҳоҷирон кӯшиш карданд, ки сарҳади Русияро ба воситаи Қазоқистон ғайриқонунӣ убур кунанд, хабар медиҳад Раёсати ВУД Русия дар вилояти Омск.

"Кормандони Назорати давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳи Русия дар ҳудуди 39-километрии шоҳроҳи Омск-Черлак микроавтобуси "Фолсваген"-ро боздошт карданд. Дар дохили он 19 муҳоҷир қарор доштанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қайд карда мешавад, ки ҳамаи мусофирон шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Ронанда 19 муҳоҷирро дар фарши микроавтобус дар ҳоле ҷой додааст, ки он барои 6 нафар муқаррар гардидааст.

Кормандони полис дар рафти тафтишот муайян кардаанд, ки панҷ мусофир бидуни ҳуҷҷатҳои вижа дар Русия будубош мекарданд.

Ронандаро барои вайрон намудани тартиботи интиқоли мусофирон ҷарима карданд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© УПРАВЛЕНИЕ МВД РОССИИ ПО ОМСКОЙ ОБЛАСТИ