Се тарабхонае, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ бунёд мешаванд - аксҳо

11 января 2019 Се тарабхонае, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ бунёд мешаванд - аксҳо

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе озмун барои интихоби тарҳи беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст кард

Раёсати меъмории Душанбе мегӯяд, бар асоси шарти озмун се ғолиби он имкон барои амалисозии лоиҳаашон дар пойтахтро пайдо мекунанд.

Шӯрои шаҳрсозӣ ҷои аввалро  ба тарҳи тарабхонаи бразилии "Latino" додааст, ки аз ҷониби ширкати “Cool design” таҳия шуда, 150 ҷои нишаст дорад.

Лоиҳаи тарабхонаи туркии "OZYURT" бо 120 ҷои нишаст,  ки аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” пешниҳод гардидааст, мақоми дуюм гирифтааст.

Ҷои сеюм насиби тарабхонаи миллӣ шудааст, ки бо 160 ҷои нишаст аз сӯи КВД “Душанбешаҳрсоз” таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мақомоти меъмории Душанбе таъкид карданд, ки минбаъд бар асосри қарори раиси шаҳр лоиҳаҳои мазкур дар пойтахт амалӣ хоҳанд шуд.



Read more: sputnik-tj.com,фото-© Facebook / Архитектура Душанбе