Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатиаш иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёриро аз нав ба расмият даровард
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллиии Тоҷикистон қарор дар бораи аз нав ба расмият дароварда шудани иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро рӯзи 3 январи соли равон ба имзо расонидааст.
"Бо қарори навбатии Раёсати БМТ таҳти №2 мутобиқи банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин банди 1-и боби 10-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 8 январи соли 2021 аз нав ба расмият дароварда шуд”, - таъкид намудааст БМТ.
Инчунин масъулини бонки миллӣ хабар додаанд, ки тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз 8 январи соли 2016 беэътибор дониста шуд.
БМТ ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода аст, ки доир ба қарорҳои мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана