Ба гуфтаи раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мушкилгузар будани роҳҳои шаҳр шикоят кардаанд
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба раиси шаҳри Хоруғ Шамири Кишвар супориш додааст, ки ба доди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бирасад. Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.
Ба гуфтаи раиси вилоят, сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мушкилгузар ва чиркин будани роҳҳои шаҳр шикоят кардаанд.
"Ёдгор Файзов ҳангоми ҷамъбасти фаъолияти идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ ба раиси шаҳр Шамири Кишвар супориш дод, ки ба доди сокинони Хоруғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди саривақт тоза нагардидани роҳҳо бирасанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
"Нисбати шикоятҳои шаҳрвандон мувафиқи имконият чораҷӯӣ намоед, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро нодида нагиред", - таъкид доштааст Файзов.
Аввалҳои моҳи декабр Ёдгор Файзов дар маҳаллаи “Дашти Боло” -и шаҳри Хоруғ татбиқи лоиҳаи кашидани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғевдара то маҳаллаи Хичордевро оғоз бахшид, ки ба таъмини маркази вилоят бо оби ошомиданӣ равона шудааст.
Гуфта мешуд, дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин роҳи мошингард ба масофаи 750 метр бунёд мешавад, ки рафту омади сокинони маҳаллаи Дашти Болоро тавассути ин масир наздик месозад. Лоиҳа то моҳи июни соли 2019 бояд анҷом ёбад. Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Facebook / Голиб Ниятбеков