Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар пойтахт фаромадани меғ дар назар аст

9 января 2019 Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда, дар пойтахт фаромадани меғ дар назар аст

Обуҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

 Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе шабона борони суст меборад. Рӯзона  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш  шуда, меғ мефарояд. Ҳаво  шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани борони суст дар назар буда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 ва рӯзона     7-12  дараҷа гарм мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, шабона боридани  барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва   рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 12-17  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд     рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар  кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона 8-13  дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Амир Исаев