Боздошти мард барои ташкили фоҳишахона: ду манзилашро дар Душанбе ба фоҳишахона табдил дод

9 января 2019 Боздошти мард барои ташкили фоҳишахона: ду манзилашро дар Душанбе ба фоҳишахона табдил дод

Ӯ барои муносибатҳои маҳрамонаи зану мардони бегона дар манзили зисташ шароит фароҳам оварда, аз онҳо аз 150 то 250 сомонӣ "мукофотпулӣ" мегирифтааст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди ҷавоне барои ташкили фоҳишахона хабар медиҳад: ӯ ду манзилашро дар Душанбе ба фоҳишахона табдил дода аз ин ҳисоб даромад мегирифтааст.

Бино бар иттилои манбаъ, мард 26 сол дошта, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт аст.

Гуфта мешавад, вай рӯзи 6-уми январи соли 2019, тахминан соати 15:00-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Навбаҳоррро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ  гирифтааст.

Ҳамчунин номбурда, рӯзи 6-уми январи соли 2019, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсумро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 19-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ гирифтааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© AFP 2018 / STR