Раиси шащри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ аз Ожонсии мубориза бо коррупсия дархост намудааст, ки фаъолияти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар соли 2018 тафтиш намояд
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе аз Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба ин Агентӣ пешниҳод шудааст.
Инчунин манбаъ ёдрас шудааст, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату Ҳукумати кишвар буда, дар ин самт Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Тоҷикистон” қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба президента Республики Таджикистан