Садамаи марговар дар шаҳри Кӯлоб

28 декабря 2018

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки 27-уми декабр соати 01:10 рух додааст

Тибқи иттилои ВУД, Ҳасан Носиров, ронандаи 25-солаи худрави “ВАЗ-2108”, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Носиров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод манбаъ.

ВУД афзуд, мусофир Толибҷони Нурмуҳаммадзода, сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Амир Исаев