Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, низоми додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Сенати парлумони Қазоқистон чанд лоиҳаи қонун дар бораи тасвиби созишномаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират ва тартиби будубоши шаҳрвандонро баррасӣ кард
Созишномаи мазкур, ки моҳи марти соли равон дар Остона имзо шуд, танзими бахши муҳоҷират, тартиби додани паноҳандагӣ, табодули иттилоъ ва ҷалби нерӯи кориро фаро мегирад.
Тибқи иттилои Zakon.kz, аъзои Сенат инчунин созишнома дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ карданд, ки бар асоси он, шаҳрвандони ду кишвар ҳуқуқи ҳузури бидуни қайд то 30 рӯз ва то 90 рӯз бо қайди ҳатмӣ баъди убури марзро соҳиб мешаванд.
Сенатор Владимир Волков, зимни баррасии созишномаҳо гуфт, тайи 11 моҳ 492 ҳазору 287 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Қазоқистон шуда, 489 ҳазору 865 нафар хориҷ шудаанд.
“Муваққатан дар Қазоқистон 56 ҳазору 396 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 33 ҳазору 273 нафар бо корҳои шахсӣ, 10120 ба ҳайси сайёҳ ва 10072 нафар бо мақсади кор сабт шудаанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муваққатан дар шаҳр ва вилояти Алмато ва шаҳри Остона ба қайд гирифта шудаанд ”, - иттилоъ додааст Волков.
Омори зиёди вуруд ва берун шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик баъди се моҳи ҳузурашон дар Русия бояд марзро убур кунанд ва барои ин кор бисёриҳо ба Қазоқистон сафар мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки патент доранд, уҳдадоранд баъди як сол аз Русия хориҷ шаванд дар ин масъала низ бисёриҳо барои убури марз маҳз ба Қазоқистон мераванд.
Бар асоси омори ироашуда дар Сенат, тайи 11 моҳ 3777 шаҳрвандони Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар Қазоқистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 691 нафар ихроҷ шудаанд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Алексей Бабушкин