Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон ҳамкориҳои гуманитариро барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода давом медиҳанд
Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқуллода ним миллион доллар медиҳад, хабар додааст дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Санад дар бораи ҷудо кардани маблағ аз тарафи намояндаи Маркази дастгирӣ ва ёрии гуманитарии Шоҳ Салмони Саудӣ Аҳмад Биз ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Назарзода ба имзо расонида шудааст.
Ғайр аз маблағи мазкур Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон техникаҳо барои кумак ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқуллода ҳадя мекунад.
“Техникаҳо барои гуруҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки бо мақсади пешгирии офатҳои табии сохта мешаванд пешбинӣ шудаанд”, - тасдиқ карданд дар дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҷумҳурӣ.
Қайд шудааст, ки тарафҳо ҳамкориҳои гуманитарӣ ва омодабоширо барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулода рушд медиҳанд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Павел Паламарчук