Раиси шаҳр ба ҳар як кӯдаки хонаи кӯдакон тӯҳфа дода, онҳоро бо фарорасии Соли нав муборакбод гуфтааст
Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аз "Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Душанбе" дидан кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.
Гуфта мешавад, раиси шаҳр бо шароити хонаи кӯдакон шинос шуда, онҳоро бо Соли нав муборакбод гуфт.
Рустам Эмомалӣ ба ҳар як тарбиятгиранда тӯҳфа ҳадя карда, аз номи раиси шаҳр барои кӯдакон зиёфат ороста шудааст.
"Раиси шаҳри шахсан ба ҳар як нафар тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимӣ тӯҳфаҳои солинавиро, ки аз сару либоси нави зимистона, бозичаҳои гуногун ва шириниҳо иборат буд, тақдим карда, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 муборакбод гуфт", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар ин муассиса, ки аз ду ошёна иборат будааст, 69 нафар кӯдакони аз синни 4 то 7-сола, ба шумули 22 нафар духтар ва 47 нафар писарони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд, афроди бепарастор, фарзандони волидайнашон гирифтор бемориҳои руҳӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Шаҳрдории Душанбе