Раҳмон: оғози кори “Роғун” ва тақвияти ҳамкорӣ бо Узбакистон дастоварди муҳим аст

26 декабря 2018 Раҳмон: оғози кори “Роғун” ва тақвияти ҳамкорӣ бо Узбакистон дастоварди муҳим аст

Раисҷумҳури кишвар ба кор андохтани чархаи аввали НБО “Роғун” ва барқарор намудани ҳамкориҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистону Узбакистонро дастоварди муҳим дар соли 2018 донист

 Ба кор андохтани чархаи аввали НБО “Роғун” рӯйдоди таърихӣ буда, барои амнияти энергетикии кишвар муҳим мебошад, эълон кард Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёмаш ба парлумони Тоҷикистон.

Инчунин раисҷумҳури кишвар, барқарор намудани муносибати дӯстӣ бо Узбакистон ва имзои санади ҳамкории стратегиро муҳим донист.

"Дар ин давра беш аз 2,5 миллион шаҳрванданони ду кишвар рафту омад намуданд",- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин вай афзуд, ки дар кишвар беш аз 150 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда шуда, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷ аз кишвар барои кор мераванд 25 дарсад кам шудааст. Даромади аҳоли 11 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2008 теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 9,1 миллион нафар расидааст . тибқи дурнамо дар соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳаҷми маош, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендия то 15 дарсад афзоиш ёфтааст.  



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан