1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

26 декабря 2018 1,5 ҳазор деҳ баъд парвоз: "Тоҷик Эйр" мардумро масхара мекунад?

Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашри наворе аз фурудгоҳи Маскав иддао доранд, ки ширкати "Тоҷик Эйр" онҳоро фиреб медиҳад

 Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук даъво мекунанд, ки ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" онҳоро фиреб додааст.

Ба гуфтаи корбарони Фейсбук, онҳо барои парвоз ба Тоҷикистон ба рӯзи 23 декабр билет хариданд, аммо бо сабабҳои номаълум парвозашон ба рӯзи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Онҳо иддаодоранд, ки намояндагони ширкат барои парвоз дар ҳамон рӯзе, ки дар билет навишта шудааст пули иловагӣ талаб мекунанд.

“Агар пулӣ иловагӣ диҳӣ, парвоз ҳамон рӯз сурат мегирад, агар не то рӯзи дигар мунтазир мемонӣ. То 1,5 ҳазор рубли русӣ надиҳӣ ба Тоҷикистон парвоз намекунӣ. Ҳамаи мардум инҷо чипта доранд, вале парвоз карда наметавонанд. Мардумро масхара мекунанд”, - мегуяд корбари Фейсбук.



Read more: sputnik-tj.com, фото-©  Пресс-служба ОАО "Таджик Эйр"