Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

25 декабря 2018 Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоко Видодо

Раисҷумҳур ба наздикони қурбониёни ҳодисаи табиӣ дар Индонезия изҳори ҳамдардӣ карда, ба маҷрӯҳон шифои комил хостааст

 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия Ҷоко Видодо дар пайи хабари офати табиӣ дар кишвар барқияи таслият ирсол кардааст.

"Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд", - гуфта мешавад дар он.

Раисҷумҳур ба наздикони қурбониёни ҳодисаи табиӣ дар Индонезия изҳори ҳамдардӣ карда, ба маҷрӯҳон шифои комил хостааст.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам, афзудааст кишвардор.

Ёдрас мешавем, 24-уми декабр дар Индонезия дар пайи сунамӣ камубеш аз 280 нафар кушта ва садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан