Нигаронӣ аз афзоиши порагириҳо дар 3 идораи давлатии Тоҷикистон

25 декабря 2018 Нигаронӣ аз афзоиши порагириҳо дар 3 идораи давлатии Тоҷикистон

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия бо ҳузури вазирону раисони кумитаҳоро баргузор кард

 Тибқи гузориши расмӣ, дар ҷаласаи Шӯро татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсусан бартарафсозии сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба фасодкорӣ дар мақомоти маҳаллӣ ва вазорату кумитаҳо муҳокима шудааст.

Зимни ҷаласа таъкид гардидааст, ки фасодкориҳо дар сохтори Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳукумати Хатлон афзоиш ёфтаанд.

Расулзода бо шунидани гузориши роҳбарони ин ниҳодҳо барои бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ дастур додааст.

Аз ҷумла иродаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр шудааст, ки алайҳи фасодкорӣ ва таҳкими мубориза бо ин зуҳурот равона шудааст.

Инчунин нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Тоҷикистон барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Зикр шудааст, ки ҳадафи стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 – 2020, паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад.



Read more: sputnik-tj.com, © Sputnik / Сергей Субботин