Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро барои озод намудани се сараудитори Палатаи ҳисоби кишвар ҷонибдорӣ кард
Бо пешниҳоди раисиҷумҳур, Маҷлиси намояндагон Самизода Муҳаммадалӣ Ризо, Файзализода Назаралӣ ва Кучакшозода Акрам Давлатхонро аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод намуд.
ДАФТАРИ МАТБУОТИ РАИСИҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН
Соҳиби "Корвон" ваъдааш ба Президентро иҷро кард: 26 миллионро ба мактаб дод
Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми сараудиторони ҷадиди Палатаи ҳисоби Тоҷикистон - Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад ва Давроншоҳиён Рамеш Давроншоро пешниҳод кард ва Маҷлиси намояндагон таъиноташонро ба тасвиб расонд.
Тибқи иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, Давроншоҳиён Рамеш Давроншо дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шуда, дорои ду маълумоти олӣ – ҳуқуқшиносӣ ва молия ва қарз мебошад.
“Тӯли қариб 20 сол ҳамчун нозир, корманди молия дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - то соли 2009 ва аз соли 2010 ҳамчун сардори шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукии минтақаи гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, солҳои минбаъда сардори раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз соли 2015 сармутахассис, сардори шуъба дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
© ФОТО: WIKIPEDIA
Раис дар кор: шаҳрдорӣ шеваи таҷлили зодрӯзи Рустами Эмомалиро гуфт
Дар мавриди Алиаҳмадиён Рустам Мираҳмад, сараудитори дигари навтаъин иттилоъ дода шуд, ки ӯ солҳои зиёд дар соҳаи молия ифои вазифа кардаанд. Аз соли 2013 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи мутахассис, мудири бахш ва аз соли 2014 сардори раёсат кор кардааст.
Палатаи ҳисоб, ниҳоди олии назорати молиявӣ мебошад, ки бевосита ба раисиҷумҳур ва парлумон ҳисоботдиҳанда мебошад ва роҳбарону сараудиторонаш аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.
Read more: sputnik-tj.com, © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook