"Холаи Сёмин ба додситонӣ нисбати ман шикоят навиштааст, ки ба онҳо таҳдид мекунам. Онҳо чанд маротиба ба ман маблағ пешниҳод карда буданд ва ман қабул накардам. Акнун иғво мекунанд. Ман дар додгоҳ гуфтам, ки Сёмин ба саволҳо дуруст ҷавоб медиҳад ва ба шахси номукаллаф тамоман монанд нест", - мегӯяд Абдусалом
Чанде пеш, 19 декабр дар додгоҳи шаҳрии Серпухов мурофиаи додгоҳии парвандаи куштори Ҳувайдо - духтараки панҷсолаи тоҷик баргузор шуд, ки дар натиҷа мӯҳлати ҳабси гумонбари асосӣ Александр Сёминро то як моҳи дигар - 22 январ тамдид карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов хабар дод.
Ҳамчунин ба гуфтаи вакили дифои хонавода Олга Михайловна, додгоҳи шаҳри Серпухов қарор кардааст, ки ҳабси Сёмин то як моҳ тамдид карда шавад ва ӯро "барои табобат аз бемории муваққатии рӯҳӣ ба бемористони вижа интиқол медиҳанд".
"Александр Сёмин бо қарори додгоҳ барои баровардан аз бемории равонӣ ба бемористони вижа ҷой дода шуд. Марҳилаи навбатии додгоҳӣ 22 январ баргузор мешавад", - гуфт вай.
Ба гуфтаи падари Ҳувайдо, ҷониби муттаҳам, аз ҷумла холааш, ки ҳамзамон вакили Александр Сёмин мебошад, чанд бор ба Абдусалом Саидов барои даст кашидан аз шикоят маблағ пешниҳод кардаааст ва баъди шунидани посухи рад, "иғво мекунанд".
"Холаи Сёмин ба додситонӣ нисбати ман шикоят навиштааст, ки ман ба онҳо таҳдид мекунам. Онҳо чанд маротиба ба ман маблағ пешниҳод карда буданд ва ман қабул накардам. Акнун иғво мекунанд. Ман дар додгоҳ гуфтам, ки Сёмин ба саволҳо дуруст ҷавоб медиҳад ва ба шахси номукаллаф тамоман монанд нест", - мегӯяд Абдусалом.
Ба гуфтаи вакили хонаводаи Ҳувайдо, рафти тафтишот ҷои нигароние надорад ва он тибқи қонунгузории Русия сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, Ҳувайдо Тиллозода духтараки 5-солаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расонида шуд.
Ӯ 22-юми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи 23-юми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо карданд. Ба қавли мақомоти интизомии Русия, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида шуд. Бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва қатл Александр Сёмини 28-сола, яке аз ҳамсоягони хонавода дастгир шуд.
Read more:sputnik-tj.com, фото-© Sputnik