Ронанда бо як ҷавони дигар ба мусофир ваъдаи интиқол то манзилро карда, ӯро дар нисфи роҳ лату кӯб намуда, пул ва телефонашро кашида гирифтаанд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе ҷавони 20-солаеро дар мошин лату кӯб ва ғорат кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, ӯ аз маҳаллаи Гипрозем ба худраве савор шудааст. Ронанда ва мусофираш дар ними роҳ ҷавонро лату кӯб карда, пул ва телефонашро кашида гирифтаанд.
"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2018, шахсони номаълум ӯро бо мақсади ба манзили истиқоматиаш расонидан аз маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе ба автомашина савор карда, дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1560-сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-1”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - омадааст дар хабари ВУД.
Кормандони милисаи Душанбе ҳангоми бозҷӯӣ ду ҷавонро, ки яке 23 ва дигаре 25 сол доштаанд, боздошт кардааст.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Амир Исаев