Обуҳавошиносон ҳавои имрӯз дар Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд

24 декабря 2018 Обуҳавошиносон ҳавои имрӯз дар Тоҷикистонро пешгӯӣ карданд

Обуҳавошиносони тоҷик мегӯянд, имрӯз дар аксари манотиқи Тоҷикистон боришот дар назар нест

Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, ҳаво имрӯз дар ғарби ВМКБ шабона -1-6 дараҷа сард,   рӯзона  0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи ин вилоят шабона -16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо  боридани борону барф ва фаромадани туман   дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона  -3+2  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда  шуда, фаромадани туман  пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Обуҳавошиносон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва фаромадани туманро интизор доранд.  Ҳарорат шабона ба -1+4 ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 1-3 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

 

еще: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Максим Богодвид