Дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ҷаласаи васеи Шӯрои илмӣ бахшида ба ёдбуди олими барҷаста ва ходими сиёсии Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд
Ахиран дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия (ИШАИР) ҷаласаи васеи Шӯрои илмӣ бахшида ба ёдбуди олими барҷаста ва ходими сиёсии Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, ки соли равон дар Тоҷикистон ва Россия 110-солагиаш таҷлил мегардад, баргузор шуда.
Бино ба иттилои хабаргузории Ховар ар ин нишасти илмӣ донишмандони Фарҳангистони улуми Русия ва Тоҷикистон роҷеъ ба хадамоти Бобоҷон Ғафуров дар рушди масоили ховаршиносии вақти Шӯравии собиқ суханронӣ карданд.
манбаъ таъкид намудааст, ки ҷаласаи Шӯрои илмӣ таҳти раёсати Роҳбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, академик Виталий Наумкин баргузор гардид.
Виталий Наумкин зимни суханрониаш дар бораи аҳамияти барҷастаи Бобоҷон Ғафуров дар рушди мактаби шарқшиносӣ ва инкишофи ин илм дар Иттиҳоди Шӯравӣ ибрози назар кард.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ намояндагони Тоҷикистон — академик Кароматулло Олимов, саркотиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Русия, Маҳаррама Қодирова ва Шамсуддин Бобоев иштирок намуданд.
Миёни иштирокдорон Беҳзод Турақулов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ҳузур дошт. Меҳмонон зимни суханронии худ дар бораи таҷлили ҷашни фархундаи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Душанбе ва Хуҷанд ибрози андеша намуданд.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Василйев, олими туркшиноси Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, мудири шуъбаи таърихи Шарқ, ноиби президенти ҷамъияти шароқшиносони Русия, изҳор намуд, ки барои худ шарафи бузург меҳисобад, агар ба донишгоҳе, ки дар он кор мекунад, номи академик Бобоҷон Ғафуров гузошта шавад.
Ин пешниҳод аз ҷониби аксар аъзоёни Шӯрои илмӣ ва дигар ширкаткунандагони ҷаласа пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (ҳоло Институти шарқшиносии АИР)-ро аз соли 1956 то охири соли 1977 роҳбарӣ намуда буд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Наталья Селиверстова