Озмун: интихиби сенрия барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

24 декабря 2018 Озмун: интихиби сенрия барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Ҳукумати вилояти Суғд барои интихоби беҳтарин сенарияҳо барои баргузории барномаҳои фарҳангии ”Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва Фестивали вилоятии “Сайри лола” озмун эълон намудааст

  Мақомоти вилояти Суғд озмунҳои сенария ва матни шеърҳои беҳтаринро барои баргузории барномаҳои фарҳангии “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва Фестивали вилоятии “Сайри лола” эълон намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додаааст.

© ПРЕСС-СЛУЖБА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Эълони озмун: Рустам Эмомалӣ ба талабаю донишҷӯёни аълохон ва хушрафтор стипендия медиҳад

Бино бар иттилои манбаъ Қабули сенарияҳо аз санаи 21 декабри соли равон то  4 январи соли 2019 дар идораи Раёсати фарҳанги вилоят сурат мегирад.

Манбаъ ҳамчунин хабар додааст, ки озмуни сенарияи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ низ эълон мегардад.

Барои барандагони озмун ҳукумати вилояти Суғд мукофотпулӣ низ таъйин кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, барандаи сенарияи,  Фестивали вилоятии “Сайри лола” - панҷ ҳазор сомонӣ, сенрия ба ҷашни “Наврӯз-2019” - панҷ ҳазор сомонӣ, ба Рӯзи Артиши миллӣ – ду ҳазор сомонӣ ва ба “Рӯзи Модар” - ду ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки хоҳишмандон метавонанд дархостҳои худро ба суроғаи хиёбони Раҳмон Набиев №45, Раёсати фарҳанги вилоят пешниҳод намоянд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Амир Исаев