24 декабря 2018
Бинобар бар гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳаҷми тавлиди гӯшт дар ин кишвар аз аввали соли равон то моҳи декабр ба ҳудуди 206,1 ҳазор тон расид.
Дар ин давра теъдоди говҳо дар ин кишвар то 3 миллион адад афзоиш ёфта, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,2 дарсад зиёдтар мебошад.
Ҳамчунин теъдоди гӯсфанд ва буз дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 107,9 сар афзоиш ёфтааст.
Аммо сарфи назар аз афзоиши тавлиди гӯшт ва теъдоди гов, гӯсфанд ва бузҳо қимати гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар ин кишвар бидуни тағйир боқӣ мондааст.
Дар ҳоли ҳозир як кило гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 40 то 42 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik / Александр Кряжев