Мансабдори воломақоми “Амонатбонк” бо истифодаи кортҳои қалбакӣ садҳо ҳазорро аз худ карда, баъди барканорӣ шабона вориди бонки давлатӣ шудаасту садҳо ҳазори дигарро дуздидааст
Зоирзода бо фармони раиси “Амонатбонк” аз 20 январи соли 2015 то 18 майи соли 2018 дар вазифаи муовини директор-сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Раёсати “Амонатбонк” фаъолият кардааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Зоирзода тайи ин муддат бо роҳи сохтакории кортҳо аз суратҳисобҳои умумибонкӣ 579 ҳазору 574 сомонию 92 дирамро тасарруф намудааст.
Манбаъ афзуд, ки маҳкумшуда як рӯз баъди барканорияш низ пинҳонӣ вориди “Амонатбонк” шуда, бо вуруди иттилои бардурӯғ ба компютер 341 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.
© SPUTNIK АМИР ИСАЕВ
Баъди 20 сол: Додгоҳи олӣ муттаҳамон дар қатли сокини Раштро ба 62 соли зиндон маҳкум кард
“Ӯ пас аз вазифа озод шуданаш, шаби 19 майи соли 2018 пинҳонӣ вориди бонки мазкур гардида, бо роҳи ғайриқонунӣ ворид шудан ба системаи шабакаи компютерӣ, тағйири иттилоот дар системаи шабакаи компютерӣ ва ба онҳо дохил намудани иттилооти бардурӯғ маблағи умумии 341 ҳазору 463 сомонию 78 дирамро тасарруф намуда, сӯииқасди тасарруфи маблағи 320 ҳазору 586 сомонию 20 дирамро кардааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Зоирзодаро бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, 10 декабри соли равон ба 14 соли зиндон ва маҳрумият аз ҳаққи ишғоли мансабҳо ба муҳлати 5 сол маҳкум кардааст.
Инчунин додситонӣ таъкид намудааст, ки аз ҳисоби Зоирзода ба фоидаи “Амонатбонк” 921 ҳазору 38 сомонию 70 дирам рӯёнида шуд.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Sputnik Амир Исаев