Маро ҳунарам хор накард: розҳои ногуфтаи Ҷӯрабек Муродов

24 декабря 2018 Маро ҳунарам хор накард: розҳои ногуфтаи Ҷӯрабек Муродов

Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов имрӯз 24-уми декабр ба синни мубораки 76-солагӣ расид

Имрӯз устод Ҷӯрабек Муродов ба синни мубораки 76-солагӣ қадам ниҳод. Ҳунарманд аз ин муддат 56-солашро ба ҳунари тоҷик бахшидааст.

Ширкати JM Production соле пеш  филмеро иборат аз 14 қисм бо номи "Ҳофизи миллат" мунташир карда, аз умри пурбаракати Ҷӯрабек Муродов нақл кард. Филм чеҳраи дигари ин марди ҳунарро бароям кушод. Чеҳраеро, ки бояд эҳтиромаш кард ва қадрашро донист. Ҳоло ҷавононро ба хештаншиносӣ даъват мекунем. Пас, Ҷӯрабек Муродов яке аз "хештанҳост", ки бояд ӯро шинохт…

Фарзанди хуб — боғи падар

Модарам даҳ фарзанд ба дунё овардаанд, аммо аз онҳо мо — се нафар мондему дигарон ҳама дар кӯдакӣ фавтидаанд. Касе умед надошт, ки ман зода мешавам, зеро апем (модарро дар лаҳҷаи баъзе минтақаҳои Айнӣ, зодгоҳи Ҷӯрабек Муродов, апа мегӯянд — шарҳ аз идора) маро дар 48-солагӣ таваллуд кардаанд. Ман як бародар ва як хоҳар доштам ва фарзанди хурдӣ будам. Падарам ҳам суруд мехонд. Аҷаб инсони хоксору инсондӯсте буданд он кас. Ман инсондӯстиро аз волидонам омӯхтаам.

То мактаби деҳа 6 километр роҳ буд. Мо ҳар рӯз бо тай кардани ин масофа мактаб мерафтем. Аз ман дар баъзе мусоҳибаҳо пурсиданд, ки чаро номи шумо "туркиcт"? Ҳоло мехоҳам ин ҷо аз торихи номгузории ман нақл кунам. Бобоям дӯсти бениҳоят хубе дошт, ки аз атрофи шаҳри Истаравшан буд ва доим ба хонаи мо рафтуомад мекардааст. Маро ба хотири ҳамон дӯстӣ Ҷӯрабек ном кардаанд.

Аз волидонам сер нашудам

Дар 16-солагӣ аз деҳа баромада, барои таҳсил ба Хуҷанд омадам. Замоне, ки аллакай ҳофиз будам, ҳар гоҳ ба деҳа мерафтам хонаамон пур аз одам мешуд, рӯзи дигар маро даъват мекарданд ва ман фурсате барои суҳбати наздик бо волидонам надоштам. Ман аз падару модар сер нашудам.

Касе дар Шимол суруди тоҷикӣ гӯш намекард

Вақте қадамҳои аввалини худро ба саҳна мегузоштам (дар солҳои 1960-ум),  шимоли Тоҷикистонро муҳити саҳнаи Узбекистон пахш карда буд ва ҳофизон суруди узбекӣ месароиданд. Ман аввал сурудҳои тоҷикии чанде аз устодонро бозхонӣ кардам ва ба забони тоҷикӣ суруданро сар кардам. Ҳамин тавр мардум ҳам хуб қабул карданд ва ман ҳам кӯшиш мекардам, ки суруди тоза хонам ва мухлисонамро шод кунам. Вақте ки бори аввал ба Узбекистон — Самарқанду Бохоро рафтем, дар консерт танҳо ду — се қатор мардум меништаст. Аллакай дар сафари дувуми мо тамоми билетҳо фурӯхта шуда буданд ва суруди тоҷикӣ дар шаҳрҳои тоҷикии Самарқанду Бухоро низ танинандоз шуд. Ҳамин тавр ба хориҷ ҳам рафтем. Қариб дар ҳама кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Покистон, Австрияву дигар кишварҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ кардаам. Он замон давлат нақша дошт, ки бояд иҷро мекардем. Ман ҳар моҳ 15 консерт доштам, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар кишвар. Ҳамин тавр 30 сол кор кардам…

Худо аз туҳмат нигаҳ дорад

Дар ин 50 соли фаъолиятам (филм соли 2013 ба  навор гирифта шудааст) туҳматҳои бисёре ҳам ба сарам зада буданд. Вале ба касе посух надодам.

Вақте ба Вена сафари ҳунарӣ доштем, ман дар рӯзи охирони ҳунарнамоиамон гирифтори дарди кӯрруда шуда, дар бемористон бистарӣ шудам. Ҳайъате, ки бо ман рафта буд, ба Тоҷикистон баргашт ва ман натавонистам баргардам. Касе аз ҳамин истифода бурда, ба модарам занг задааст ва бардурӯғ гуфтааст, "писаратон мурд". Модари маро ин хабар аз пой афтонд…. Вақти унвон гирифтан ҳам сару садоҳои зиёд карданд, ки аз азоби руҳӣ бемор шудам… Худо аз туҳмат нигаҳ дорад..

Ҷӯрабек Муродов ва чӣ ва аз кӣ метарсад?

Аз Худо бояд тарсид, дигар аз касе на. Дар тамоми 50 соли фаъолиятам аз як чиз метарсидам, мабодо рӯзе шавад, ки мухлисонамро гум кунам. Ин фикр барои ман даҳшатовар буд.



Read more: sputnik-tj.com, фото-© Саҳифаи фейсбукии Парвизбек Муродов