Чанд соли ахир аст, ки тоҷикону узбакони Афғонистон барои соҳибӣ ба ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд. Ба қавли онҳо, паштуҳои кишвар ҳузурашонро танг мекунанд
Як сол пеш дар ҳамин шабу руз дар Афғонистон байни ҳукумати марказӣ ва минтақаҳо муноқиша сар зад, ки онро бархе аз сиёсатмадорон чун оғози ҷанги навбатии шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Раисҷумҳури кишвар Ашраф Ғанӣ истеъфои Ато Муҳаммад Нур, раиси вилояти Балх, раиси ҳизби "Ҷамъияти исломӣ" ва роҳбари ғайрирасмии тоҷикони этникии Афғонистони шимолиро талаб кард.
Нур дар навбати худ аз итоат ба Кобул саркашӣ намуд ва раисҷумҳурро дар вайрон кардани тавофуқҳои пештар ба даст омада муттаҳам кард. Дар соли 2014 дар натиҷаи интихобот эътилофҳои қувваҳои гуногуни сиёсии бо ном Ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шуд. Мувофиқи шартномаи иштирокдорон раисони вилоятҳои шимолии Афғонистон дараҷаи густурдаи худмухториро ба даст меоварданд.
Ато Муҳаммад Нур ваъда дод, ки агар ҳукумати марказӣ аз қувва истифода барад, ӯ ҳам ба ҳамин васила посух хоҳад дод. Бо далели он, ки Нур даҳҳо ҳазор низомӣ дошт, ин суханони вай таҳдиди холӣ набуданд.
Аммо бидуни истифодаи ягон қувва қазия ҳал шуд. Нур ба ивази кадом гузаштҳои Кобул, ки то ҳол ба ҳама маълум нест, розӣ шуд, ки аз мақом барканор мешавад ва баҳона кард, ки барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳур омодагӣ мебинад.
Ба ҳар ҳол, расман дар ин муноқиша ҳукумати марказӣ дастболо шуд, ҳарчанд маҳз ҳукумат назди Ато Муҳаммад сар хам мекард. Бештари сокинон ин қазияро далели паштушавии сиёсати Афғонистон ном доданд.
Ба гуфтаи роҳбарони ҷамъиятҳои маҳаллии узбакони Афғонистон, тоҷикон устухоне дар гулӯи Ашраф Ғанӣ (ки сиёсати Ҳомид Карзай ҳам ҳамин буд) мебошанд. Онҳо мехоҳанд ба мақомҳои калидӣ танҳо паштуҳоро таъин кунанд.
"Ҳодисаи Балх далели равшани танг кардани мавқеи тоҷикон дар саҳнаи сиёсӣ аст. Ин агар аз як тараф Ҳукумати амалкунандаро аз машрӯият маҳрум кунад, аз тарафи дигар кишварро ба вартаи бӯҳрони сиёсӣ тела медиҳад", - мегӯяд мудири Маркази пажӯҳиши Афғонистони муосир (МПАМ) Умар Ниссор.
Афзун бар ин, паштуҳо гӯё, ки аксариятро ташкил медиҳанд. Байни тамоми аҳолии бисёрқавмии кишвар, ки шумораи онҳо 31,5 миллион гуфта мешавад, ин қавм ҳудудан 40 дар сади аҳолиро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, тоҷикони кишвар ҳамагӣ 5 дар сад камтар аз паштуҳо 35 дар сад арзёбӣ мешаванд. 10 дар сади аҳолии кишварро узбакон ва ҳазораҳо ташкил медиҳанд.
Бартарии паштуҳо дар саҳнаи сиёсии Афғонистон намояндагони дигар қавмиятҳоро сахт нигарон мекунад. Ба гуфтаи онҳо, бадии кор дар он аст, ки бозингарони хориҷӣ роҳбарони паштуҳоро ягона ҷониб дар гуфтушунидҳо оиди ояндаи кишвар медонанд, ҳатто агар ин гуфтушунидҳо бо "Толибон"(ҳаракати террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон) бошанд ҳам.
Read more: sputnik-tj.com,foto© Abdul Khaliq