Имрӯз профессор Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик, дар 78-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Усмонҷон Ғаффоров бар асари беморие, ки дошт, наздики соати 12-и зуҳр аз дунё даргузашт.
“Чанд вақти охир нотоб шуда буданд, табобат доштанд. Қариб соати 12:00 имрӯз вафот карданд”, - гуфт яке аз пайвандонаш.
Ҷанозаи Усмонҷон Ғаффоров соати 16:00 дақиқаи имрӯз дар кӯчаи Ҳасанови маҳаллаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.
Даргузашти Ғаффоровро ҳамовардонаш талафоти бузург дар илму фарҳанги тоҷик арзёбӣ мекунанд.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти Усмонҷон Ғаффоров андӯҳгин буда, аз даргоҳи илоҳӣ ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20231027/darguzashti-muarrihi-shinohtai-toik-usmonon-afforov