Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ иқдом кардааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар пайи суҳбати раиси вилоят Ёдгор Файзов бо раисиҷумҳур дар бораи мушкили беобӣ дар Хоруғ, Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳоро барои ҳалли мушкили мазкур муваззаф кардааст.
ДАФТАРИ МАТБУОТИ ҲУКУМАТИ МАҲАЛЛИИ ВМКБ
Раиси ВМКБ бел гирифту гуфт, баъди 2 сол сокинони Хоруғ беобиро фаромӯш мекунанд
Аз ҷумла бо ташаббуси Вазорати умури дохилӣ 15 декабр дар Хоруғ дар ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода дастгоҳи обкашӣ фаъол карда шудааст, ки 150 хочагӣ ва 14 идораву муассисаро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд.
Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ВМКБ ба Раҳимзода барои ин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ кардааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ афзуд, ки феълан дар доираи супориши Эмомалӣ Раҳмон талоши сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба таъмини сокинони Хоруғ бо оби ошомиданӣ равона шудааст.
Read more: sputnik-tj.com, фото-дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ