Ҷопон ва Тоҷикистон 5 созишномаи кумаки бебозгаштро ба маблағи умумии 441 ҳазору 814 доллар ба имзо расонданд
Бар асоси созишномаҳои имзошуда, Ҷопон барои дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷомӣ 91 ҳазору 870 доллар, барои сохтмони бинои нави мактаби №60 дар ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод 89 ҳазору 282 долларро ҷудо кард.
Барои сохтмони бинои нави мактаби №7 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун ва 89 ҳазору 249 доллар ва таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе 89 ҳазору 222 доллар равона мегардад.
Лоиҳаи 5-уме, ки бо кӯмаки бебозгашти Ҷопон амалӣ мешавад, сохтмони бинои нави мактаби №79 дар деҳаи Сариҷӯйи ҷамоати Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо маблағи 82 ҳазору 191 доллар мебошад.
Read more: sputnik-tj.com, фото-© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан